Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷидҳои "ғайрирасмӣ"-и Душанберо мебанданд


Давоми як ҳафтаи ахир наздик ба даҳ масҷиди панҷвақта дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Душанбе аз сӯи мақомот баста шудааст. Бештари масоҷиди басташуда дар нимаҳои аввали асри гузашта ва дар даврони шӯравӣ бунёд шудаанд.

Тибқи иттиллои расида, дар тӯли чанд рӯзи ахир масҷидҳои панҷвақта дар маҳаллаҳои мухталиф, аз ҷумла маҳаллаҳои «Ҳаёти Нав» «Калинин», «Вокзал», «Испечак» ва «Авул» баста шуда ва имомхатибони ин ибодатгоҳҳо огоҳонида шуданд, ки дар сурати риоят накардани дастур муҷозот мешаванд.

Масҷидҳоро амдан ба қайд намегиранд?

Муллодавлат Мирзоев, имомхатиби яке аз масоҷиди панҷвақта дар маҳаллаи «Испечак», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, тайи чиҳил сол аст, ки дар ин масҷид намоз мегузошт ва ҳамарӯза то 200 нафар ин фаризаи динии худро маҳз дар ҳамин ибодатгоҳ анҷом медоданд. Зеро дар имтидоди то се километр дигар ягон масҷид амал намекунад. Вале акнун, ки синнаш ба ҷое расида ва наметавонад намоз дар масҷидро тарк кунад, дар вазъияти душворе қарор гирифтааст.

Мирзодавлат Мирзоев, имомхатиби яке аз масҷидҳои басташуда дар маҳаллаи "Испечак"
Оқои Мирзоев гуфт, ки масҷиди мазкур аз роҳи ҳашар сохта шуда ва барои сабти номи он дар ниҳодҳои давлатӣ даҳҳо бор муроҷиат кардааст. Аммо муваффақ ба сабти ном нашудааст.

Ин нуктаро як тан аз намозгузорони масҷиди манъшуда дар маҳаллаи «Калинин»-и пойтахт низ таъкид карда афзуд, ки мақомоти расмӣ амдан ва бидуни далелу бурҳон ин масҷидҳоро дар қайди расмӣ намегиранд.

Вай афзуд, ибодатгоҳе, ки ҳоло мақомот дари онро бастаанд, ҳеҷ гоҳ ҷойи ҷамъиятӣ набуд ва дар ҳавлӣ ва дохили он ба ҷуз аз ибодат ва ба ин далел, ки дар шафати қабристон ҷой гирифтааст, баргузории намози маросими дафн, кори дигаре сурат нагирифтааст.

Кумитаи дин: Масҷидҳо асноди зарурӣ пешниҳод накарданд

Бо ин ҳол Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар баста шудани масоҷиде, ки зикрашон рафтааст, муқассир масъулони худи он ибодатгоҳҳо ҳастанд. Зеро онҳо асноди зарурӣ барои сабти ном дар ниҳодҳои расмиро дуруст ва саривақт пешниҳод накардаанд. Аз ин рӯ онҳо бо чунин мушкилӣ мувоҷеҳ мешаванд.

Басташудани масоҷиди панҷвақта дар шаҳри Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи иттиллои расида, дар бархе аз минтақаҳо ходимони амниятиву интизомӣ барои ҷилавгирӣ аз таълиму тадриси улуми динии наврасон дар назди уламо даст ба як идда тадобир задаанд.

Манобеъ мегӯянд, ходимони интизомӣ ба манозили зисти фарзандони Эшони Халилҷон ва домулло Муҳаммадӣ, аз руҳониюни саршиноси кишвар дар ноҳияи Ҳисор ва Қумсангир, ворид шуда ва онҳоро шадидан огоҳ кардаанд, ки бидуни дарёфти иҷозатномаи махсус наметавонанд дарси динӣ бидиҳанд.

Зимнан мавориди баста шудани масоҷид дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон хеле зиёд ба мушоҳида расидааст. Вале моҷароангезтарини ин маворид баста шудани масҷиди ҲНИТ буд, ки ин ҳодиса дар поёни соли гузашта иттифоқ афтод. Аммо бо ба иҷро даромадани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар ду соли қабл сабти номи масоҷид ба як масъалаи доғи ҷомеа табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG