Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Салва Киир ҳамапурсии ҷануби Судонро "лаҳзаи таърихӣ" хонд


Салва Киир, раиси ҷумҳури ҷануби Судон, зимни раъйдиҳӣ, ҳамапурсӣ дар мавриди истиқлоли ин бахш аз шимоли Судонро “лаҳзаи таърихӣ” хонд. Дар сурати раъйи мувофиқи мардум дар ҳамапурсии якҳафтаина, ки имрӯз шурӯъ шуд, Судон ба ду кишвари мустақил тақсим хоҳад шуд. Ҳамапурсӣ бар тибқи созишномаи сулҳи 2005 баргузор мешавад, ки ба ҷанги шаҳрвандии ҷануб ва шимоли Судон хотима дод, ки ин ҷанги тӯлонӣ ду миллион нафарро кушт. Дар баргаҳои раъй ду дасти бо ҳам фишурда ва як даст тасвир шудааст, ки яке истиқлол ва дигарӣ рамзи ваҳдат аст. Дар ҷануби Судон, танҳо 15 дар сади аҳолии 9 миллион нафарӣ хату савод доранд. Ҷанубиҳо пайваста ҳукумати аксаран араби Судонро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо аз худ кардани фоидаҳои фурӯши нафт, вазъи бади ҷанубиҳоро нодида мегирад.
XS
SM
MD
LG