Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: Даҳ масҷидро дар Душанбе бастаанд


Бино ба гузоришҳо, мақомоти расмӣ тақрибан даҳ масҷиди панҷвақта дар Душанберо ба далели надоштани санадҳои расмӣ бастаанд. Аксарияти ин масоҷид, дар замони шӯравӣ бунёд шуданд. Аз ҷумла масҷиди панҷвақтаи кӯчаи Қабодиёни маҳаллаи маъруф ба Калинини пойтахт таърихи чиҳилсола дошта вале ба ин далел, ки дар идороти марбута ба унвони масҷид сабт нашудааст дарашро бастаанд. Аммо Мулло Давлат Мирзоев-имомхатиби масҷиди маҳаллаи Испечак дар Душанбе мегӯяд, талошҳои онҳо барои сабти номи масҷид самара надодааст, зеро масъулон нахостаанд ибодатгоҳи онҳоро сабти расмӣ кунанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз ин гузоришҳоро шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG