Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҳамапурсӣ дар ҷануби Судон барои истиқлол аз шимол


Ҳамапурсӣ дар ҷануби Судон барои истиқлол аз бахши шимолии он оғоз шуд. Ин ҳамапурсӣ ба асоси созишномаи сулҳи 2005 баргузор мешавад, ки ба ҷанги хунини шаҳрвандии ҷануб ва шимоли Судон, хотима дод, ки ин ҷанг даҳсолаҳо идома кард ва ду миллион нафарро кушт. Дар остонаи раъйпурсӣ, дар як даргирӣ миёни шибҳанизомиёни тундрав ва артиши ҷануби Судон шаш нафар ҷон доданд. Раҳбарони ҷануби Судон, пайваста раҳбарони бахши шимолиро ба ҳимоят аз ин тундравон муттаҳам мекунанд, ки намехоҳанд, назорати манотиқи нафтхези ҷанубро аз даст диҳанд.
XS
SM
MD
LG