Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА иддаъои Эрон дар мавриди боздошти шаҳрвандашро рад кард


Амрико иддаъои Эрон дар мавриди боздошти як зани амрикоӣ бо иттиҳоми ҷосусиро рад кард. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, рӯзи шанбе гуфт, ин занро пайдо кардаанд ва ӯ хориҷ аз Эрон ва дар амон аст. Пештар аз як мақоми пулиси Эрон гуфт, Ҳал Фалоён як зани амрикоиро бо иттиҳоми ҷосусӣ рӯзи панҷуми январ дар марз бо Озарбойҷон боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG