Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз кишварҳои арабӣ


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, боздиди панҷрӯзааш аз кишварҳои Халиҷи Форсро шурӯъ кард. Интизор меравад, ӯ зимни сафар ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Уммон ва Қатар хостори фишори бештар ба Эрон барои муттавақиф кардани ғанисозии ураниум ва ҳамчунин хостори ҳимояти бештар аз ҳукумати нави Ироқ хоҳад шуд. Ҳилларӣ Клинтон аз кишварҳои минтақа ҳамчунин хоҳад хост, то барои эҳёи музокироти сулҳи миёни Исроилу Фаластиниён ба Амрико кӯмаки бештар кунанд.
XS
SM
MD
LG