Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иддаъои наздикони як зиндонии ҳалокшудаи ӯзбак


Хешовандони як зиндонии ӯзбак, ки ногаҳонӣ фавтидааст мегӯянд, мӯътақиданд, ки ӯро дар зиндон то дами марг шиканҷа кардаанд. Ҷасади Улуғбек Ғаффорови 32-соларо мақомоти расмии Ӯзбакистон аввали ин ҳафта ба хешовандонаш супурда ва гуфтаанд, ки ӯ ба асари латукӯби ҳамроҳонаш ҳалок шудааст. Аммо хешовандонаш мегӯянд, дар бадани Улуғбек нишонаҳои шиканҷа аён буд ва зоҳиран маъмурони зиндон ӯро барои гуруснанишинӣ карданаш азобу шиканҷа додаанд. Улуғбек Ғаффоров ба нишони эътироз аз танбеҳи дигар зиндони эътиқодманд дар зиндони Йошлики Тошканд гуруснанишинӣ кардааст. Созмони Милал дар гузашта борҳо аз мақомоти Ӯзбакистон хостааст, ба шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳо хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG