Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бомбгузориҳо дар Афғонистон 5 танро куштанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари ҳамлаву бомбгузориҳо дар ҷануби кишвар имрӯз се ғайринизомӣ ва ду ситезаҷӯ кушта шуданд. Ба гузориши "Франс Пресс", бомбгузории аввал дар ноҳияи Марҷа дар вилояти Ҳилманд ду нафар ғайринизомиро куштааст. Дар ҳамлаи дигар дар шаҳри ҷанубушарқии Хӯст, як ғайринизомӣ ҳалок шудааст. Ва ду ситезаҷӯро ҳангоме куштаанд, ки қасд доштанд дар маҳалле дар Ҳилманд мина гузоранд. Як рӯз пештар аз ин дар Қандаҳор бомбгузори маргталабе дар як ҳаммом 17 нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG