Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи мусаллаҳона ба намояндаи Конгресси ИМА


Габриэл Гиффордс, намояндаи Конгресси ИМА дар иёлати Аризона

Габриэл Гиффордс, намояндаи Конгресси ИМА дар иёлати Аризона

Пизишкон мегӯянд, вазъи Габриэле Гиффордс, узви Конгресси ИМА, ки дар як ҳамоиши ом ҳадафи тир қарор гирифт, сангин аст. Дар ин тирандозии беназмона ба сӯи Гиффордс 6 нафар кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Гумонбари ин ҳамла, Ҷаред Лахнер, ки дар ҷои воқеа боздошт шуд, дар маҳбас ба сар мебарад.

Вазъи Габриела Гиффордс вакили Ҳизби Демократи Амрико, ки ҳангоми дидор бо мардум дар аёлати Аризона ҳадафи ҳамлаи фарди мусаллаҳе қарор гирифта ва сахт маҷрӯҳ шудааст, ҳамчунон вахим боқӣ мемонад.

Дар ин тирандозӣ дар маҳалли Тусан дар маҷмӯъ шаш нафар, аз ҷумла як духтарбачаи нӯҳсола ва як додраси федеролии Амрико, кушта ва 13 тан маҷрӯҳ шудаанд. Пулис гуфт, як ҷавони 22-сола бо иттиҳоми тирандозӣ боздошт кардааст.

Барак Обама: Ин ҳодиса фоҷеаи Амрикост

Габриелла Гиффорд, яке аз ҳампаймонҳои Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар ҳоле мавриди ҳамла қарор гирифт, бо раъйдиҳандагонаш дар наздикии як фурӯшгоҳ мулоқот мекард.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ин ҳамларо маҳкум карда ва онро фоҷиаи миллӣ хонд: "Ин танҳо фоҷиаи онҳое нест, ки дар ҷойи ҳодиса буданд. Ин фоҷиаи иёлати Аризона ва тамоми кишвари мост. Ончӣ амрикоиҳо дар замони фоҷиа мекунанд, гирди ҳам меоянд ва ба якдигар кӯмак мекунанд."

Хонум Гиффордсро билофосила бо чархбол ба дармонгоҳи Донишгоҳи Аризона бурданд ва ҷарроҳӣ карданд. Табибон вазъи ӯро “вахим” арзёбӣ вале ибрози умедворӣ кардаанд, ки ӯ зинда бимонад.

Габриела Гиффорди 40-сола аз наздик мавриди ҳамла қарор гирифта ва тир ба сараш хӯрдааст. Фарди муҳоҷимро, ки баъди тамом шудани тирҳои туфангаш роҳи фирорро пеш гирифтааст, роҳгузарон дастгир кардаанд. Расонаҳои амрикоӣ, ин ҷавонро 22 сола ва номашро Ҷейрд Лоҳнер гуфтаанд.

Ҳамлавар - дӯстдори Майн Кампфи Гитлер

Клейренс Дупник, раҳбари раёсати пулиси маҳаллӣ аз бурдани номи муттаҳам худдорӣ кард, вале гуфт, ин ҷавон мушкил доштааст. Ӯ гуфт: «Ду фарди ҷасур муттаҳамро доштанд, ки 22 солаи сафедпӯст аст ва айни ҳол ман номи ӯро ошкор карда наметавонам. Ӯ дар гузашта як навъ мушкилоте доштааст ва мо мутмаин нест, ки ӯ танҳо амал карда бошад. Ба андешаи мо ӯ ба ин маҳал бо фарди дигаре омадааст».

Бино ба гузоришҳо, Ҷейрд Лоҳнер, дар интернет бо навиштаҳои хашмгинонаву берабт ҳукумати Амрикоро сарзаниш мекардааст. Ӯ ҳамчунин хостааст ба артиш биравад, аммо пазируфта нашудааст. Дар саҳифаи хусусии ӯ дар торнамои Ютюб, китобҳои Майн Кампфи Гитлер ва Манифести Карл Маркс ва Фридрих Энгелс китобҳои дӯстдоштааш нишон дода шудааст.

Клейренс Дупник, раҳбари пулис гуфт, омилҳои тирандозӣ маълум нест, вале афзуд, зоҳиран ҳадафи ин ҳамла худи Габриэла Гиффордс, аз тарафдорони барномаи баҳсбарангези ислоҳоти низоми бимаи беҳдоштии Барак Обама будааст.

Пайомади афзоиши нафрат ва таассуб

Ҷаноби Дупник ҳамчунин даъвову баҳсҳои доғи сиёсӣ дар Амрикоро интиқод карда гуфт, ин раванд ба афроди “номутавозин” таъсири хатарноке дорад:

«Ин фарди 22-сола, собиқаи ҷиноятӣ дорад ва гузоришҳое ҳаст, ки вақте донишҷӯи Коллеҷи Пима буд бо ӯ мушкилоте доштаанд. Дигарбора мехоҳам бигӯям, ки таъсири тундгӯии баъзе афроди муаяйн дар мавриди баҳам задани ҳукумат, нафрат ва таъассуб дар ин кишвар хашмбарангез мешавад. Мутаасифона Аризона ба андешаи ман маркази чунин тундгӯиҳо шудааст. Мо ба маркази пешқазоватӣ ва таъассуб табдил шудаем».

Габриела Гиффордс, аз Ҳизби демократ дар интихоботи гузаштаи моҳи ноябр ба сахтӣ намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрикоро шикаст дод. Сара Палин, губернатори собиқи Аляска ва узви муҳофизакори Ҳизби Ҷумҳурихоҳ хонум Гиффордсро дар феҳрасти сенаторҳое қарор дода буд, ки бояд аз конгресс хориҷ карда шаванд ва акси онҳоро зери ду туфанг тасвир кардааст. Аммо ӯ дар вебсайти хусусиаш дар портали иҷтимоии Фейсбук ба қурбониёни ҳодисаи тирандозӣ ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG