Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар пайи таҳқиқи ҳамкорони Викиликс


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тариқи додгоҳ аз портали иҷтимоии Твиттер хостааст, иттилоъоти хусусии афродеро, ки бо Викиликс иртибот доштаанд, дар ихтиёраш қарор диҳад. Як додгоҳи ноҳиявии аёлати Вирҷиния гуфт, аз портали Твиттер ному нишонӣ, шумораи телефонҳо ва ҳисоботи бонкии он афрод талаб шудааст. Викиликс гуфт, мӯътақид аст, ки Гугл ва Фейсбук ҳам амрҳои додгоҳро дар ин замина гирифтаанд. Викиликс бо шурӯъи нашри мукотибаи сирри дипломатҳои амрикоӣ аз моҳи ноябр хашми ҳукуматҳоро барангехт ва барои интишори санадҳои маҳрамонаи ҷанги Амрико дар Ироқу Афғонистон ҳам башиддат интиқод шуд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико саъй дорад, то Ҷулиан Ассанж, муассиси Викиликсро ба додгоҳ кашад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG