Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон захираи ураниуми ғанисозишудаашро афзоиш додааст


Алиакбар Солеҳӣ, раиси Оҷонси энержии атомии Эрон, эълом кард, ки кишвараш захираи ураниумми ғанишудаи 20 дарсадиро афзоиш додааст, агарчӣ Созмони Милал аз Эрон хостааст, ғанисозии ураниумро муттавақиф кунад. Алиакбар Солеҳӣ, ки вазири мувақатти умури хориҷа ҳаст, гуфт, Эрон ҳоло 40 кило сӯхти 20 дар садии ураниум дар ихтиёр дорад. Моҳи октябр мақомоти Эрон гузориш доданд, ки 30 кило ураниуми ғанишудаи 20 дар садӣ доранд. Алиакбар Солеҳӣ гуфт, Эрон қодир ба тавлиди сӯхти атомии лозим барои реактори таҳқиқотии тиббии Теҳрон шудааст. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое ки давлати Эрон рад кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG