Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба гузоришҳо, кормандони милисаи шаҳри Душанбе як гурӯҳи афроди ришдорро боздошт кардаанд. Шӯҳрат Шодиев, хабарнигори «Азия Плюс» ҳам, ки дар миёни ин боздоштшудагон будааст, ба РО гуфт, ҳамаи онҳоро ба шӯъбаи якуми ноҳиявии вазорати умури дохилаи ноҳияи Сино оварда, нишонӣ, акс ва нақши ангуштонашонро гирифтаанд.

Шӯҳрат Шодиев гуфт, дар суоли ӯ доир ба сабабҳои боздошт, навбатдори шӯъбаи милиса гуфтааст, ки онҳо фармони раҳбарияти вазоратро иҷро кардаанд.



Тоҳир Норматов, раҳбари ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни шарҳи ин ҳодиса ба хабаргузории «Азия Плюс» гуфтааст, маъмурони милиса ҳақ доранд барои мушаххас кардани ҳуввияти афрод, онҳоро боздошт кунанд. Ба гуфтаи ӯ, сурати инсон бояд аз акси доштааш дар санади расмӣ фарқи зиёд надошта бошад ва дар сурати тафовут, кормандони милиса ҳақ доранд, фардро боздошт ва ҳуввияташро таҳқиқ кунанд.

Дар Тоҷикистон, ки аз нимаҳои соли гузашта шоҳиди нооромиҳо шуд, тадобири амниятиро тақвият додаанд. Ҳафтае пеш мақомоти Тоҷикистон дар водии Рашт, гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниеро нобуд карданд, ки ба гуфтаи маъмурони амниятӣ, масъули ҳамлаи хунин ба корвони сарбозони вазорати дифоъ ва қатли 25 нафари онҳо буданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG