Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико нисбат ба манобеъи фошшуда дар Викиликс


Ба думболи нашри мукотиботи сиррии дипломатҳои амрикоӣ дар торнамои Викиликс, вазорати умури хориҷаи Амрико аз давлатҳо хостааст, аз хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ё манобеъе, ки номашон дар он аснод зикр шудааст, ниқор нагиранд. Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, аз баъзе ҳукуматҳо хоста шудааст, алайҳи ин афрод иқдом накунанд, вагарна равобиташон бо Амрико осеб хоҳад дид. Ӯ афзуд:"“Мо чандсад нафарро дар саросари ҷаҳон шиносоӣ кардаем, ки эҳсос мекунем, ки таҳти хатар қарор доранд. Ба мисли фаъолони иҷтимоӣ, хабарнигорон ва мақомоти расмӣ. Ба бархе аз ин афрод кӯмак кардаем ва вазъияти онҳоро зери назар хоҳем дошт." Филип Кровлӣ афзуд, як гурӯҳе таъсис додаанд, то муайян кунад, ки кадоме аз манобеъи зикршуда дар мукотиботи сиррии дипломатҳо дар маърази хатар буда метавонад.
XS
SM
MD
LG