Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи зиёд гарданаи Хобуроботро мушкилгузар кард


Гарданаи Хобуробот, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шарқи он мепайвандад, бар асари бориши барфи зиёд, муваққатан баста шудааст. Хабаргузории “Азия Плюс” мегӯяд, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ тавсия додааст, бинобар мавҷудияти хатари баҳман ва ё тарма нагузоранд, то нақлиёт аз тариқи ин гардана ҳаракат кунад. Роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон аз роҳҳои хатарноки кишвар маҳсуб мешаванд ва солона дар онҳо даҳҳо садамаҳои маргбор рух медиҳанд.
XS
SM
MD
LG