Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Чилӣ Фаластинро ба расмият шинохт


Давлати Чилӣ эълом кард, ки Фаластинро ба ҳайси кишвари “мустақилу озод ва соҳибихтиёр” ба расмият мешиносад. Дар ин бора Алфред Морено, вазири умури хориҷаи Чилӣ рӯзи ҷумъа эълом дод: "Ҳукумати Чилӣ имрӯз бо қабули қароре, Фаластинро ба ҳайси кишварии озоду мустақил ва соҳибихтиёр ба расмият шинохт." Моҳи декабр кишварҳои дигари Амрикои Ҷанубӣ ба мисли Бразилия, Аргентина, Боливия ва Эквадор ба расмият шинохтанд. Венесуэла ин корро соли 2009 карда буд. Тақрибан 100 кишвари дунё дар тӯли ду даҳсолаи гузашта пешниҳод кардаанд, то Фаластин ба ҳайси кишвари мустақил ба расмият шинохта шавад. Исроил ва шарики он Амрико ин тасмимҳоро бар зарари кор хонда гуфтаанд, Фаластини мустақил бояд бар асоси музокирот миёни Исроилу фаластиниён таъсис шавад.
XS
SM
MD
LG