Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои қонуни нав дар мавриди зиндониёни Гуантанамо


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, қонунеро имзо гузошт, ки намегузорад, маҳбусони муттаҳам ба терроризм дар боздоштгоҳи Гуантанаморо ба ватанашон ва ё кишварҳои хориҷӣ интиқол диҳанд. Қонуни мазкур, зоҳиран бастани Гуантанаморо, ки Барак Обама, ваъда додааст, сахттар мекунад. Аммо раиси ҷумҳури Амрико дар баёнияе гуфтааст, ба аҳдаш барои бастани ин боздоштгоҳи бадномшуда содиқ аст. Дар Гуантанамо то кунун 170 маҳбус, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки аксарияташон баъди ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 дар қаламрави Афғонистон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG