Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин тағйироти кадрӣ дар ҳукумат дар соли 2011


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 7-уми январ дар ҳайати ҳокимияти як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар тағйирот ворид кард, Як идда раҳбарон мақомҳои худро аз даст доданд ва иддаи дигар ба маснади раҳбарӣ нишастанд.

Дигаргуниҳо асосан дар мақомоти аввали шаҳру навоҳии кишвар сурат гирифта, то ҳол ба нафарони калидӣ дар ҳукумат таъсир нагузоштаст.

Афроди зерин ба ин вазифаҳо таъин гарданд:

Иброимбек Ғозибеков
- иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;

Мурзабай Ҷошбаев - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;

Иброҳим Абдуллоев – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;

Абдуҷамил Сатторов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд;

Матлубахон Сатторова - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошари вилояти Суғд;

Зуфар Исмоилов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд;

Ҷумъахон Сафаров - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;

Валӣ Ашуров - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон;

Абдуҷон Тавакалов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон;

Қарахон Чиллаев - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон;

Аламхон Қурбонов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;

Саиднуридин Алиев - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

Саидумрон Абдураҳмонов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт.

Ба навиштаи сомонаи расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин дар мувофиқат бо президент, шахсони зерин мақомҳои дуюм дар ҳукумати вилоят ва шаҳру навоҳиро соҳиб шуданд.

Ҷумъабой Сангинов
- Муовини якуми раиси вилояти Суғд;

Холмурод Раҳмонов - муовини раиси вилояти Хатлон;

Абдуҷаббор Баҳодуров - муовини раиси вилояти Хатлон;

Насрулло Хайруллоев - Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе;

Тошалӣ Муқимов
- Муовини аввали раиси ноҳияи Рашт.

Нимаи дуюми рўзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон мақомоти тозатаъинро барои сўҳбат ба ҳузур пазируфта, дар бораи фаъолиятҳои ояндаашон ба онҳо маслиҳат ва супоришҳо додааст. Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дар авоили ҳар сол таҳаввулоти ғайриинтизор нест ва маъмулан ба зинаҳои поёнии ҳукумат дахл мекунад.
XS
SM
MD
LG