Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд


Толибон масъулияти ҳамлаи интиҳории имрӯзро, ки дар он дар ҷануби Афғонистон 17 нафар кушта шуд, бар ӯҳда гирифтаанд. Дар ин ҳамла бештар аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи волии вилояти Қандаҳор гуфтааст, ин ҳодиса дар ҳаммоми деҳаи Спинбулдак дар наздикии марз бо Покистон рӯх додааст. Ҳадафи ҳамла фармондеҳи пулиси марзбонӣ будааст, ки дар ҳамла кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG