Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори аъзои як хонавода дар Бағдод


Дар Бағдод-пойтахти Ироқ мардони мусаллаҳ аъзои як хонаводаро иборат аз зану шавҳар ва се фарзанди онҳо ба қатл расондаанд. Пулис мегӯяд, ин ҳодиса шабона дар қисмати шимолии Бағдод дар маҳаллаи алсан шианишини пойтахт рух додааст. Як кӯдаки дусолаи ин хонавода зинда мондааст. Рӯшан нест, ки қотилон ҷинояткор будаанд ва ё куштор ангезаи мазҳабӣ доштааст.
XS
SM
MD
LG