Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии моҳигирии Русия дар обҳои Ором бедарак шудааст


Гурӯҳҳои наҷот киштии моҳигирии Русияро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба эҳтимоли зиёд ин киштӣ дар обҳои соҳилии уқёнуси Ором дар қисмати Русия ғарқ шудааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия гуфтааст, ин киштӣ ба соҳили ҷазираи Сахалин наздик будааст ва ҳадс зада мешавад, ки он даҳҳо нафар сарнишин доштааст. Ба сабаби фаро расидани торикӣ ҷустуҷӯи киштӣ то субҳи рӯзи шанбе ба таъхир андохта шудааст.
XS
SM
MD
LG