Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама мушовири иқтисодии худро муаррефӣ мекунад


Интизор меравад, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Ҷин Сперлинг-собиқадори давраи раёсати ҷумҳурии Билл Клинтонро мушовири худ дар умури иқтисодӣ муаррефӣ кунад. Як мақоми Кохи Сафед гуфт, раиси ҷумҳур Сперлингро дар поёни рӯз раиси Шӯрои Миллии Иқтисодӣ таъйин хоҳад кард. Ин иқдоми Барак Обама дар ҳоле сурат мегирад, ки ҷумҳурихоҳон баъд аз интихоботи моҳи ноябр назорат бар Маҷлиси Намояндагонро ба даст гирифтанд. Сперлинг, ки мушовири Тимотӣ Гатнер-вазири молияи Амрикост, дар давраи раёсати ҷумҳурии Билл Клинтон аз соли 1997 то соли 2000 раёсати Шӯрои Иқтисодиро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG