Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабҳои хусусии ронандагӣ дар Узбакистон баста мешаванд


Ҳукумати Узбакистон дастур додааст, ки ҳамаи мактабҳои хусусии ронандагӣ дар ин кишвар баста шавад. Аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамаи корҳои таълимии ронандагон мисли даврони Шӯравӣ дар ихтиёри вазорати дифои Узбакистон хоҳад гузашт. Дар солҳои Шӯравӣ бахши марбутаро ДОСААФ мегуфтанд. Ҳоло ин бахш дар Узбакистон "Ватанпарвар" ном гирифтааст. Бино ба хабарҳо, танҳо дар худи Тошканд 130 мактаби хусусии таълими ронандагон вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG