Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари диоксин ва баста шудани 4 700 ферма дар Олмон


Мақомоти Олмон дастур додаанд, ки бештар аз 4 700 мазраъа ё ферма дар ин кишвар ба таври муваққатӣ баста шавад, то замоне, ки санҷиши амнияти хурокаи ҳайвонот ба поён расад. Ахиран коршиносон дар таркиби хӯрокаи ҳайвонот заҳри диоксинро ошкор кардаанд. Дар ин бора вазорати кишоварии Олмон хабар додааст. Иттиҳодияи Аврупо низ эълон кардааст, дар тухмҳое, ки аз Олмон вориди Британия шудааст, эҳтимол дорад заҳри диоксин мавҷуд бошад. Бино ба гуфтаи коршиносон, ин заҳр метавонад сабаби пайдоиши бемории саратони инсонҳо шавад. Аммо Фредерик Винсент-сухангӯи Кумиссиюни Аврупо гуфтааст, то ҳол дар ин робита хатаре ба саломатии инсонҳо мушоҳида нашудааст.
XS
SM
MD
LG