Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев дархости парлумони кишвараш ҷиҳати баргузории як райъпурсии саросарӣ ба манзури тамдиди замони раёсати ӯ то соли 2020-умро рад кард. Аммо дар матни фармони Назарбоев, далоили рад шудани ин ташаббус гуфта нашудааст.

Дар Қазоқистон аз моҳи декабр ба ин сӯ аз ҷониби як гурӯҳи ташаббускор, маъракаи густардаи ҷамъоварии имзо ба хотири баргузории чунин райъпурсӣ идома дошт ва ба дунбол, рӯзи панҷшанбеи 6-уми январ Сенати Қазоқистон дар пайи як иҷлоси ҳама моломоли тавсифи Назарбоев, аз ӯ хост, ки рӯзи раъйпурсиро таъйин кунад.

Ташаббуси даъвати райъпурсии саросарӣ ба манзури тамдиди замони раёсати Назарбоев, ки аз соли 1989, инак 22 сол боз бар Қазоқистон ҳукумат меронад ва дар соли 1995 алакай як дафъа бо роҳи чунин назархоҳӣ замони раҳбариашро тамдид ҳам карда буд, боиси эътирозҳое дар дохили кишвар ва ҳам интиқоди шадиди Ғарб, ба вижа Амрико шуд.

Сафири Амрико дар Қазоқистон Ричард Ҳоугланд аз ҷумла бо раъйпурсӣ иваз кардани интихоботро, ки дар Қонуни асосии Қазоқистон замонат дода шудааст, бозгашти ин кишвар аз роҳи демократия номид.

"Барои мардуми як кишвар додани раъйи озод фақат гуфтани “ҳа ё не” нест. Онҳо бояд аз миёни андешаҳои мухталиф ва шахсиятҳои мухталиф интихоб кунанд."

Аммо дар маҳофили Қазоқистон мӯътақиданд, ки аз сӯи Назарбоев радд шудани пешниҳоди тамдиди замони раёсаташ, гаште бештар тактикист. Гурӯҳи ташаббускоре, ки мегӯяд, тайи камтар аз як моҳ бо талаби райъпурсӣ беш аз 3 миллион имзо гирд овардааст, қасд дорад ба ин маъракаи имзоҷамъкунӣ ҳамчунон идома диҳад.

Ироқ Элекеев, як вакили парлумони Қазоқистон ҳам қаблан гуфт, ки ҳатто агар Назарбоев пешниҳоди онҳоро напазирад, маҷлис метавонад ҷиҳати вуруди тағйирот ба Қонуни асосӣ ва тамдиди замони раёсати ӯ то соли 2020, мустақилона тасмим бигирад.

Таҳлилгари қазоқ Досим Сатбоев дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, тасмими ахири Нурсултон Назарбоев тасмиме намоишӣ ва бештар ба манзури ҳифзи обрӯст, ки мабодо ҳамчун ғосиби қудрат муаррифӣ шавад.

Ҷавоб: “Масъалаи комилан тактикист, чунки раҳбарони Қазоқистон дер боз мавриди интиқоди Ғарб қарор доранд, ки ҳанӯз аз тамдиди замони раёсати Назарбоев дар раъйпурсии соли 1995 оғоз ёфта буд. Ташаббуси охир, ба назари ман, аз он доираҳои наздик ба раисиҷумҳур бармеояд, ки аз қабл андешаи эҷоди низоми раёсати умрбодро дар сар доранд. Албатта, ба фарқ аз Туркманистон, дар инҷо мехоҳанд замони раҳбарии Назарбоевро фақат то соли 2020 тамдид кунанд, вале бо таваҷҷӯҳ ба синни ӯ, ки соли гузашта ба 70 расид, тамдиди замони раёсаташ то соли 2020 ҳам амалан ба маънои раёсати умрбодист.”

Суол: Ва оё имкон дорад, ки бо вуҷуди мухолифати Назарбоев, пешниҳоди тамдиди раёсати ӯ то соли 2020 аз роҳи райъпурсӣ ҳамчунон матраҳ боқӣ бимонад?

Ҷавоб: “Фикр мекунам, ки бале. Онҳо ба ин исрор хоҳанд кард ва пешниҳоди баргузории раъйпурсӣ ва тағйири Қонуни асосӣ бори дувум ба Назарбоев ироа хоҳад шуд. Ӯ дар ин сурат маҷбур аст, вето гузорад. Соли гузашта вақте Қонун дар бораи доҳии миллат таҳия мешуд, айни вазъият пеш омад. Раисиҷумҳур расман он қонунро рад кард, вале болояш вето нагузошт. Ва дар натиҷа чунин шуд, ки ин қонун ба ҳукми иҷро даромад ва ба Назарбоев мақоми “доҳии миллат”-ро эъто кард, ҳарчанд раисиҷумҳур расман гӯё мухолифи ин қонун буд. Яъне ин як схемаи санҷидашуда буд.”

Суол: Албатта, тамдиди батакрори раёсати раҳбарон аз роҳи раъйпурсӣ, ё тағйири Қонуни асосӣ ва ҳам тавассути интихоботҳои берақобат хоси тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказист. Вале дар дигар кишварҳои минтақа мегӯянд, ба фарқ аз боқӣ, Назарбоев шояд шоистаи чунин ҳаққе бошад, чунки мӯътақиданд, ки Қазоқистон дар аҳди ӯ обод шуд…

Ҷавоб: “Ин чизҳоро бояд бо роҳи қиёс шинохт. Дар муқоиса бо вазъи бади кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, дуруст аст, ки ҳоли Қазоқистон ва самараи даврони раҳбарии Назарбоев беҳтар ба назар меоянд. Вале бо дарназардошти захираҳои фаровони табиӣ, ба хусус нафту газ ва фулузоти нодире, ки Қазоқистон дорад, мутаассифона, бояд эътироф кунем, ки мо дар ин 20 соли охир ба пешрафтҳои ночизе даст ёфтаем. Кишварҳои аз нигоҳи масоҳат хеле хурдтар ва аз захираҳои нафту газу маъданҳо маҳруме ҳастанд, ки тавассути идораи хуби умур ба пешрафтҳои нисбат ба Қазоқистон ба маротиб бузургтаре ноил шуданд. Аз ҷумла дар ҳамин шӯравии собиқ. Дар Қазоқистон дар ин 20 сол танҳо як гурӯҳи хурде, ки умдатан пайвандон ва ёрони Назарбоев ва дигар мақомоти давлати ӯро дар бар мегирад, соҳиби сарватҳои бузург шуд. 50-60 дарсади мардум ҳамчунон дар ҳоли дасттангӣ қарор дошта, аз раҳбарии Назарбоев баҳрае набурдааст. Бо чунин захираҳои бузурги табиӣ ва аҳолии камагш Қазоқистон дар ин 20 сол метавонист Кувейти дуввум ё Қатари дуввум шавад. Яъне раёсати тӯлонии Назарбоев ҷои зиёде барои ситоиш ва ифтихор боқӣ нагузоштааст.”
XS
SM
MD
LG