Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари ташкили гурӯҳи наҷоти Арал дар Покистон рад шуд


Сафорати Тоҷикистон дар Покистон хабари мунташираи хабаргузории "Жаҳон"-и Узбакистонро дар бораи ташкили як гурӯҳи кории наҷоти баҳри Арал дар Покистон рад кардааст. Дар ин бора Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Исломобод хабар додааст. Ба дархости сафорати Тоҷикистон сафоратхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ташкили чунин гурӯҳ ҷавоби рад додаанд ва ҷониби Покистон ҳам гуфтааст, дар бораи ташкили чунин гурӯҳ хабар надорад.
XS
SM
MD
LG