Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи мушакӣ дар Покистон 5 нафар кушта шуд


Мақомоти кашфи Покистон мегӯянд, як ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар шимоли ғарби Покистон ба сӯи мошине оташ кушодааст ва 5 нафарро ба қатл расондааст. Гуфта мешавад, ки ин 5 нафар афроди шӯришӣ будаанд. Бино ба гуфтаи мақомот, ин ҳамла дар маҳалле бо номи Датта Хейл дар Вазиристони Шимолӣ рух додааст. Ҳувияти шӯришиён рӯшан нашудааст. Ин минтақа бо Афғонистон ҳаммарз аст ва комилан зери назорати гурӯҳҳои мухталифи Толибон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG