Пайвандҳои дастрасӣ

"Чашмандоз"-и имрӯза дар бораи таҳаввулоти муҳими ҳафта, арзёбии қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, ҳамчунон дар бораи таҳдидҳои саросарӣ дар соли 2011-ум аз назари пажӯҳишгоҳи Евразия ва барҳам хӯрдани "Кумитаи 29 сентябр", ки дар пайи таваққуфи нашри баъзе нашрияҳову сомонаҳои интернетии мустақил ташкил шуда буд, сӯҳбат хоҳад кард.

"Нигоҳе ба рӯйдодҳои ҳафта

Муҳимтарин рӯйдодҳои ҳафтаи гузашта ҷашни Cоли нав, баррасии умумимардумии лоиҳаи қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, маҳви гурӯҳи мусаллаҳи Аловуддин Давлатов, ки бо номи Алии Бедакӣ маъруф буд ва наборидани борон аст, ки кишоварзони манотиқи ҷанубии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст.

Сӯҳбат аз 3 зовия

Баррасии Лоиҳаи Қонун дар бораи масъулияти падарону модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, ки ҳоло дар тамоми васоили ахбори умумии Тоҷикистон матраҳ мебошад, масъала нав нест. Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол инҷониб дар пайи танзими либоспӯшиву рафтори толибилмон будааст. Ибтидои соли равон мақомоти Тоҷикистон бо ишора ба хавфи ифротгароиву даҳшатафканӣ ва сабабҳои дигар муҳассилини тоҷикистонии муассисаҳои таълимии кишварҳои исломиро ба ватан бозхонд. Ва инак пешниҳоди Лоиҳаи қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон.

Ҳар се коршиносе, ки барои сӯҳбати имрӯза даъват шудаанд, дар оилаҳои серфарзанд ба дунё омадаанд.

Ҳуқуқшиноси хуҷандӣ Файзинисо Воҳидова аз лоиҳаи қонуни нав пуштибонӣ намекунад ва иллати инро чунин шарҳ медиҳад:

Ҷавоб: “Ҳамаи ӯҳдадориҳои зикршуда дар кодекси оила дарҷ шуда, боқимонда дар сарқонуни кишвар сабт шудааст. Аз ин рӯ ман мухолифи ин қонунам”.

Суол: Мӯҳтарам Файзинисо Воҳидова, шумо метавонед, мухолифати худро ташхис диҳед, яъне ба кадом банд мухолиф ҳастед?

Ҷавоб : “Масалан, чаро кӯдакон аз ҳаққи рафтан ба масҷид маҳрум шаванд. Вақти дарс ман ҳам мухолифи масҷидравии кӯдакон ҳастам, вале вақте озоданд, чаро нараванд? Охир дар ҷумҳурӣ варзишгоҳ қариб, ки вуҷуд надорад. Кӯдакон чӣ кор кунанд”.

Вале бо дарназардошти таҷрибаи равобити падарону модарон бо фарзандонашон дар кишварҳои мухталифи олам, ба ваҷҳи умум наметавон гуфт, ки вазъ дар Тоҷикистон даҳшатбор аст. Ҷомеаи Тоҷик ба оила хеле садоқат дорад. Падару модар як бурда нонашро ба фарзанд дода, худ гурусна мешинад. Тоҷикон аксарият дар оилаҳои серфарзанд ба дунё омадаанд, фарзандони бузург ба бародару хоҳаронашон кӯмак мерасонанд, аслан як бахши тарбияи онҳоро бар дӯш мегиранд.

Ҷомеашинос, номзади илми фалсафа Ғаффор Мирзоев дар ин бораи чунин назар дорад:

Ҷавоб: “Дуруст аст, ки ҷомеаи тоҷик суннатӣ аст ва падару модар эҳсоси масъулияти бузург дорад. Вале солҳои ахир гардише дар соҳаи таълиму тарбия ба вуҷуд омадааст, ки шояд аз сабаби иқтисодӣ бошад. Ба фикрам ин масъулият бояд дутарафа бошад. Ҳам масъулияти падару модар дар назди фарзанд ва ҳам масъулияти фарзанд дар назди падару модар.”

Суол: агар падару модар ба муҳоҷирати корӣ рафта бошанд, ки онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад. чун онҳо аслан дар қаламрави кишвар нестанд?

Ҷавоб: “Дуруст аст, пайдо намудани падару модаре, ки дар муҳоҷират ҳастанд кори осон нест, вале фикр мекунам як чорчӯбе барои иҷрои ин қонун ва назорати он бояд таҳия шавад. Ин масъалаҳо фарҳангиву ахлоқӣ ҳастанд, ки бояд дар якҷоягӣ ҳалли худро ёбанд.”

Ян Бремер, раҳбари гурӯҳи мушовараи сиёсӣ, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, мегӯяд, воқеияти нави сиёсӣ имкон дорад, сабабгори бӯҳронҳои дигар ва аз ҷумла беназорат мондани бӯҳрони иқтисодии Аврупо, саркашии Чин аз тақозоҳои байналмилалӣ ва иғвоандозӣ аз сӯи Кореяи Шимолӣ шавад.

Дар ибтидои сӯҳбат хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ню-Йорк Никола Крастев аз Ян Бремер хост истилоҳи G-Zero- ё худ олами бидуни абарқудратро ташреҳ диҳад.

Бремер: “Ҳоло вақте мо ба олам назар меафканем, мебинем, ки дар дунё назми нав побарҷо шудаст. Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ рехт, назми ҷаҳонӣ нав нашуд, мо шоҳиди ташкилёбии гурӯҳи G 7+1 шудем, яъне ҳафт кишвари санотӣ ҷамъи Русия. Гурӯҳ ба ҷаҳонишавӣ суръат бахшид. Имкони сармоягузорӣ дар кишварҳои нав пайдо шуд ва Аврупо таҳким ёфт. Вале ҳозир вақте дар олам абарқудрати воҳид вуҷуд надорад, яъне пешвои бе чуну чаро аз байн рафтааст, сиёсати ҷуғрофиёӣ ҷаҳонишавиро бо таҳдид мувоҷеҳ мекунад. Ҳамин назми нави ҷаҳонист, ки имрӯз нархи тилло боло рафтаасту ширкатҳои бузурги байналмилалӣ сармояашонро дар гӯшаҳои дурдаст нигаҳ медоранд, зеро паёмади ин назми нави ҷаҳонӣ барояшон рӯшан нест.”

Радиои Озодӣ: Дар таҳқиқоти шумо ҳеҷ як аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар рӯйхати таҳдидҳои ҷуғрофиёиву сиёсии соли 2011-ум зикр нашудааст. Оё ин хабари хуш аст?

Бремер: “ Аз ман зиёд суол мекунанд, ки дар бораи интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Русия ва имкони бозгашти Владимир Путин ба сари қудрат чӣ фикр дорам ва мепурсанд, ки Медведев кӯшиш хоҳад кард, ки президент боқӣ монад? Посухи ман ин аст, ки ба шумо чӣ фарқ дорад?... Зеро дар ояндаи қобили мулоҳиза, Русия хеле ҳам устувор боқӣ монда, дар сатҳи олии ин кишвар раҳбарии ҳамоҳангшуда ҳукмронӣ хоҳад кард. Ин ҳамоҳангӣ миёни Путин ва Медведев хуб амал мекунад.”

Радиои Озодӣ: Оё дар тавсеаи назму суботи Русия болоравии нархи маводи сӯхт нақше дорад?

Бремер: “Назми ҷуғрофиёиву сиёсии Русия қабл аз ҳама ба он вобастааст, ки кишвар амнияти бештар дорад. Албатта то ҳадде вазъи иқтисодӣ нақш дорад, вале саҳми назму суботи ҷуғрофиёиву сиёсӣ хеле муҳим аст. Мехоҳам гӯям, ки заъфи нисбии ИМА ва Аврупо маънои онро дорад, ки фазои Авроосиёи Русия зери нуфузи бештари Маскав қарор гирифтааст ва фарқ ҳам надорад, ки шумо дар бораи Гурҷистон, Қиризистон Украина ва ё Беларус ҳарф мезанед. Хуллас, мехоҳам гӯям, ки ташвиши Маскав камтар шудааст. Русия дигар аз тавсеаи НАТО ҳам хавф надорад ва ҳамин гуна аз сипари зиддимушакӣ низ то ҳадде беғам шудааст. Акнун, ки Амрико дар фикри коҳиши хароҷот аст, масорифи барномаҳои низомии ин кишвар маҳдутар мешавад. Ҳозир аврупоиҳо бо мушкилиҳои худ банд буда, фикр накунам, ки дар пайи ихтилоф бо Русия бошанд. Яъне ба ваҷҳи умум, назму суботи ҷуғрофиёиву сиёсии Русия афзудааст, ки бо қудрати иқтисодӣ робитае надорад.”

Радиои Озодӣ: Гурӯҳи Евразия Покистонро яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба назму суботи олам дар соли 2011-ум унвон додааст. Сабаб чист?

Бремер: “ИМА дар Афғонистон ба пешрафте ноил шудааст, ки асосан ба шарофати истифодаи сарбозону захираҳои бузург ҳосил шудааст. Агар Покистон ин дастовардҳоро пуштибонӣ накунад, он бе бозгашт нахоҳад буд. Агар дар Покистон вазъ ноором шавад, ҳокимиятдории он устувориро гум хоҳад кард, ки бузургтарин таҳдид аст.”

Билохира, Ян Бремер раҳбари гурӯҳи Евразия иброз дошт, ки сарфи назар аз бӯҳрони марбут бо барномаи ҳастаии Эрон,ҷумҳури исломӣ дар қатори таҳдидҳои соли 2011-ум номбар нашудааст. Гурӯҳи мушовараи сиёсии мустақар дар Ню-Йорк бовар дорад, ки гуфтушуниди дипломатӣ бо Теҳрон ва кӯшиши тавсеаи таҳрими ҷумҳурии исломӣ то як муддати муайян идома хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG