Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 кушта дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, як бамгузори интиҳорӣ дар вилояти Қандаҳор 17 нафарро кушта, 20 нафари дигарро захмӣ кардааст. Сухангӯи волии вилояти Қандаҳор гуфтааст, ин ҳодиса дар як ҳаммом дар деҳаи Спинбулдак дар наздикии марз бо Покистон рӯх додааст. Ҳадафи ҳамла фармондеҳи пулиси марзбонӣ будааст. Вай дар ин ҳамла кушта шудааст. То ҳол масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG