Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кэтрин Эштон пешниҳоди Эронро рад кард


Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо пешниҳоди Эронро дар бораи анҷоми бозрасии таъсисоти ҳастаии Эрон рад хоҳад кард. Эштон рӯзи ҷумъа ба хабаргузории Ройтерз гуфт, вай дар бораи пешниҳоди Эрон назари манфӣ надорад, вале чунини бозрасиро бояд Ожонсии Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ анҷом диҳад на Иттиҳодияи Аврупо. Вай ин нуктаро дар Маҷористон дар ҳошияи мулоқоташ бо вазири корҳои хориҷаи ин кишвар баён дошт.
XS
SM
MD
LG