Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти ҷонӣ дар садамаи нақлиётӣ дар роҳи Лахш-Ҷиргатол


Дар роҳи мошинрави миёни Лахш-Ҷиргатол дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Автомашинаи навъи "Нива" дар роҳи яхбаста лағзида ба ҷарӣ сарозер шудааст. Дӯстмурод Забиров-сухангӯи кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Ронанда Тоҳиров Амонулло-иқоматкунандаи ҷамоати Ялбулоқ, Абдулазизов Маҳмаднаим- иқоматкунандаи ҷамоати Сурхоб ба ҳалокат расиданд ва ду нафар зан дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд".

Ба гуфтаи оқои Забиров ин ҳодиса рӯзи 6-ӯми январ соати 9 рух додааст.
XS
SM
MD
LG