Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон бо фаъолони ҳуқуқи башари Беларус мулоқот кард


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико бо фаъолони ҳуқуқи башари Беларус мулоқот ва бо онҳо интихоботи ахири расёсати ҷумҳурии ин кишварро баррасӣ кард. Ин интихобот ва саркӯбии мухолифони давлат ва раҳбарони мухолифон тавассути режими Минскро Амрико ва кишварҳои аврупоӣ маҳкум карданд. Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷаи Амрико омадааст, хонум Клинтон рӯзи панҷшанбе дар Вошингтон бо фаъолони ҳуқуқи башари Беларусу Амрико, аз ҷумла гурӯҳи "Мо дар ёд дорем" зери раёсати Ирина Красовская ва Наталя Коляда мулоқт анҷом дод. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Ҳилларӣ Клинтон аз чигунагии баргузории интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ ва саркӯбии мухолифон интиқод кард.
XS
SM
MD
LG