Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев ибтикори порламони кишварашро рад кард


Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ақидаи баргузории назархоҳии ҳамагониро барои тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш то соли 2020 рад кардааст. Дар фармони раиси ҷумҳурӣ, ки имрӯз дар матбуоти расмӣ ба нашр расидааст, гуфта мешавад, ки Назарбоев "ибтикори порламони Қазоқистон"-ро дар бораи ворид овардани тағирот дар Қонуни Асосии кишвар рад кардааст. Дар бораи чунин тасмими раёсати ҷумҳурӣ тавзеҳот дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG