Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе расонаҳои эронӣ ахиран аз боздошти боз як ҷосуси амрикоӣ дар ин кишвар хабар доданд. Ба навиштаи онҳо, хонум Ҳол Тиллоиён ҳангоми убур аз гузаргоҳи Нурдӯз, воқеъ дар марзи миёни Арманистону Эрон дастгир шудааст, ки дар дандонҳои худ таҷҳизоти ҷосусӣ насб карда будааст.

Аз нигоҳи Алиризо Тоҳирӣ, хабарнигори Радиои Фардо, қазияи боздошти ҷосуси амрикоӣ машкук ва печида ба назар мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, ин хабарро нахустин шуда сомонаи интернетии Nasim On-Line нашр кард. Баъдан онро хабаргузории Форс, ки бо созмонҳои ҷосусӣ ва Сипоси посдорони инқилоби исломии Эрон робита дорад ва рӯзномаи давлатии “Эрон” низ нашр карданд. Ва аммо мақомоти Эрон хабари ҷосусиро рад карданд ва гуфтанд, ки чун хонум Тиллоиён раводиди вуруд ба Эронро надошт, ба ӯ иҷозаи вориди кишвар шуданро надодаанд.

Барои ҷосусӣ ба Эрон бидуни омодагӣ?

Алиризо Тоҳирӣ мегӯяд, қабл аз ҳама, гумон аст гузаргоҳи хурди марзие чун гузаргоҳи Нурдӯз бо дастгоҳҳои қавие барои ташхиси абзори ҷосусӣ, ба хусус, абзоре, ки дар даҳони шахс аст, муҷаҳҳаз бошад.

“Аз сӯи дигар он нукта ҳам суолбарангез аст, ки чӣ гуна Хадамоти марказии кашфи Амрико, як созмони собиқадор, хонумеро бидуни раводид, бидуни он, ки пӯшишу заминаи кофӣ дар ихтиёраш бошад, ба Эрон фиристодааст?”

Суоли дигаре, ки таҳлилгарон матраҳ мекунанд, ин аст, ки дар даҳон ё зери дандон доштани микрофон ба чӣ дарде мехӯрад? Ва бо микрофон чӣ навъ ҷосусӣ метавон кард?

Ба гуфтаи Алиризо Тоҳирӣ, сару садоҳо дар бораи боздошти боз як ҷосуси Амрико баъд аз хабари худкӯшии Шоҳпур Алиризо - писари хурдии охирин шоҳи Эрон паҳн шудаанд ва аз ин рӯ метавон ҳадс зад, ки ҳадаф шояд ҷилавгирӣ аз ҷалби таваҷҷуҳи мардуми Эрон ба хонаводаи шоҳ Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ бошад. Ба вижа, ки мардум ҳамеша ба хабарҳои марбут ба ҷосусӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Сара Шурд ба Теҳрон бармегардад?

Хабари боздошти “ҷосуси амрикоӣ” дар ҳоле нашр шуд, ки ду шаҳрванди ИМА бо иттиҳоми ҷосусӣ дар маҳбаси Эрон боқӣ мондаанд. Қарор аст, ки мурофиаи додгоҳии Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал рӯзи 6 феврал ифтитоҳ шавад. Ба гуфтаи вакили дифоъи онҳо Масъуд Шофеъӣ, мурофиа бояд ду моҳ пеш - 6 ноябри соли гузашта оғоз меёфт, вале мақомоти Эрон ба далели ба додгоҳ ҳозир нашудани як амрикоии аз боздошт раҳошуда, онро ба таъхир гузоштанд. Манзур, хонум Сара Шурд аст, ки моҳи сентябри соли гузашта баъд аз пардохти гаравпулӣ аз маҳбас раҳо ёфта ба Амрико баргашт. Ин се нафар гуфтаанд, ки дар Ироқ кӯҳнавардӣ мекарданд ва иштибоҳан вориди қаламрави Эрон шудаанд. Зимнан, ҳанӯз маълум нест, ки хонум Шурд барои ширкат дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 6-уми феврал ба Теҳрон меояд ё на.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG