Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак хостори бознигарии мавқеъи Исроил шуд


Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури Миср, аз ҳукумати Исроил даъват кард, ки мавқеъи худ дар робита ба бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламравии ишғолии Фаластинро бознигарӣ ва бо фаластиниҳо созиш ҳосил кунад. Ин даъват дар музокироти Ҳуснӣ Муборак бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар фароғатгоҳи Шарм-ул-Шайх садо дод. Намояндаи ҳукумати Исроил Офир Генделман баъд аз анҷоми ин музокирот ба хабарнигорон гуфт, ки кишвараш "мехоҳад, ки дар тӯли сол бо фаластиниҳо созиш ҳосил шавад". Ӯ афзуд, "мо мехоҳем ҳама мавзӯъҳоро ба хотири имзои созиш баррасӣ кунем то ки фаластиниҳо барои ташкили давлати худ ва зиндагӣ дар фазои сулҳу амният имкон пайдо кунанд".
Дирӯз раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ва раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос низ дар сӯҳбате дар шаҳри Рамаллоҳ мавзӯъи эҳёи музокироти сулҳ миёни Исроилу Фластинро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG