Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи низомии ИМА коҳиш хоҳад ёфт


Тайи панҷ соли оянда буҷаи низомии ИМА 78 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт. Дар ин бора Роберт Гейтс, вазири дифоъи кишвар, хабар дод. Изҳороти вазир дар нахустин рӯзҳои фаъолияти ҳайати нави Конгресс садо дод, ки дар палатаи поёнии он бештари курсиҳоро ҷумҳурихоҳон - мухолифони сиёсии маъмурияти феълӣ соҳиб шудаанд.
Ба гуфтаи раҳбари Пентагон, акнун вазорати дифоъ маҷбур аст аз харидории зиреҳпӯшҳои ҷадиди низомӣ ба маблағи 13 миллиард доллар ва ҳамчунин дарёфти ҳавопаймоҳои нави F-35 худдорӣ намояд ва бахше аз мансабдорони низомиро ҳам ба истеъфо фиристад.
XS
SM
MD
LG