Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Уаттар барои шурӯъи амалиёти низомӣ алайҳи Гбагбо


Алассон Уаттар, ки аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун раисиҷумҳури нави кишвари Соҳили Оҷ пазируфта шудааст, аз ЭКОВАС – Иттиҳодияи иқтисодии кишвари Африқои Ғарбӣ, хост то амалиёти аз сари қудрат дур кардани раисиҷумҳури феълӣ Лоран Гбагборо доир намояд. Намояндагони маъмурияти Уаттар гуфтанд, ки замони музокирот бо Гбагбо поён ёфтааст.
Дар ҳоле, ки ЭКОВАС омодагияшро барои баргузории амалиёти низомӣ алайҳи Гбагбо эълом доштааст, Иттиҳодияи кишварҳои Африқои ҷанубӣ талош дорад то мушкилро аз роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл намояд.
Лоран Гбагбо айни ҳол аз ҳимояти артиш бархурдор аст ва расонаҳои ҳукуматӣ низ зери назорати ӯ қарор доранд.
Рӯзи панҷшанбе ИМА хабар дод, ки ҳисобҳои бонкии Гбагбо, хонуми ӯ ва се мушовирашро мунҷамид кардааст.
XS
SM
MD
LG