Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Исломободу Кобул дар мавриди "Ҷиргаи сулҳ"


Покистону Афғонистон дар мавриди баргузории “Ҷиргаи сулҳ” бо ширкати афроди маъруф ва сарони қабоили ҳама вилоёти ҳарду кишвар ба тавофуқ расиданд. Ба гуфтаи Абдул Басит, сухангӯи вазорати умури хориҷии Покистон, тасмим дар ин бора дар ҷараёни сафари аъзои Шӯрои олии сулҳи Афғонистон таҳти раҳбари раиси ин Шӯро Бурҳониддин Раббонӣ ба Исломобод гирифта шуд, Абдул Басит афзуд, ки “Ҷиргаи сулҳ” моҳҳои наздик баргузор мешавад.
Қарор аст, ки Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, рӯзи шанбе бо раҳбари Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дидору гуфтугӯ кунад.
Шӯрои олии сулҳи Афғонистон бо ибтикори раисиҷумҳур Ҳомид Карзай тобистони соли гузашта ба хотири баргузории музокироти сулҳ бо ҷунбиши “Толибон” таъсис шуда буд.
XS
SM
MD
LG