Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доротарин ва бонуфузтарин афроди Тоҷикистон


Хабаргузории «Авесто» зимни як назарпурсӣ дар сомонаи интернетии худ талош кардааст, афроди сарватманди Тоҷикистонро муайян намояд. Номи 21 шахси шинохтаи кишвар ба таваҷҷӯҳи хонандагон пешниҳод шуд ва раъйдиҳии хонандагон 5 моҳ ба ин сӯ идома дорад.

Зафар Абдуллоев, раиси бунгоҳи "Авесто" мегӯяд, ин як назарсанҷии ғайрирасмӣ аст ва танҳо ба он хотир дар сомона ҷой дода шудааст, ки хонандагон тавонанд, аз роҳи раъйдиҳӣ доротарин ва пурнуфузтарин соҳибмансаби Тоҷикистонро муайян кунанд. Вай афзуд, дар Тоҷикистон ба таври қонунӣ муайян кардани шахси сарватманд имкон надорад ва қазовати мардум низ бар пояи дидаву шунидаи онҳо ироа мешавад.

Ҷаноби Абдуллоев гуфт: «Мо мехоҳем нишон диҳем, ки мо соҳибкорони пинҳонӣ ва даромадҳои пӯшида дорем. Мардум, албатта, манзур хонандагони сомона, метавонанд, ки ақаллан тариқи раъйдиҳӣ изҳор назар кунанд, ки киҳоро сарватманд меҳисобанд. Ҳадафи раъйдиҳии онлайн танҳо ин нест, ки соҳибмансаби сарватманд муайян шавад, балки муҳим аст мардум бигӯяд фалониҳо сарватманд ҳастанд ва аз онҳо ягон иқдомро интизор ҳастем, масалан, ягон сармоягузории онҳоро ба иқтисоди кишвар».

Ҳасан Асадуллозода - дар садри феҳраст


Ҳасани Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк"
Аз ҳудуди 1400 хонандаи «Авесто», ки дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд, 410 нафар Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», 243 нафареро номбар кардаанд, ки исмаш дар рӯйхат нест, 196 нафар - Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва 160 нафар - Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифро ашхоси соҳибнуфуз ва сарватмандтарини Тоҷикистон унвон кардаанд.

Дар ин феҳраст номҳои Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод, Фаррух Ҳамраалиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат ва дигар соҳибмансабони Тоҷикистон низ ҷой гирифтаанд, ки аз 20 раъй беш нагирифтаанд.

Маҷаллаи "Forbes", ки ҳамасола сарватмандҳои дунёро раддабандӣ мекунад, то ҳоло ҳеҷ исмеро аз Тоҷикистон ба рӯйхати худ ворид накардааст. Ин маҷалла дар солҳои гузашта фарзандони раисони ҷуҳмури Узбакистон ва Қазоқистонро ба рӯйхатти афроди сарватманди дунё шомил карда буд. Дар зимн "Forbes" танҳо номи онҳоеро ба фаҳраташ шомил мекунад, ки сарвати онҳо бо роҳи қонунӣ ба даст омада бошад.

"Авлодҳои сарватманд"-и Тоҷикистон

Зафар Абдуллоев мегӯяд, бино бар ироа нашудани асноди дороӣ, исми афроди сарватманд мисли дороии онҳо дар зери соя мондааст ва касе намедонад, ки боигарии онҳо чи ҳадду ҳудуд дорад. Ба гуфтаи раҳбари бунгоҳи «Авесто», ҳоло бояд роҷеъ ба клан ё авлодҳои сарватманд сӯҳбат шавад, зеро аксари соҳибмансабони Тоҷикистон дороиҳои худро ба номи наздикон ва афроди мавриди эътимодашон сабт кардаанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, барои маҷаллаҳои бонуфузе чун "Forbes" маълум аст, ки даромади сарватмандони Тоҷикистон бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадааст ва ҳеҷ яки онҳо ҳаҷми дороии худро ошкор намекунад: «Вақте боигарӣ бо роҳи ғайрирасмӣ ва дар пояи «иқтисоди соягӣ» пайдо мешавад, ин, албатта, маънои онро дорад, ки манбаъҳои ин боигарӣ чандон тоза нестанд. Аз ин хотир, Forbes онҳоро хат мезанад.»

Касби сармоя аз буҷаи давлат?

Ба гуфтаи ҷаноби Умаров як вижагии сарватмандиҳои афроди соҳибмансаб дар Тоҷикистон, дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он, қаламрави собиқ Шӯравӣ рабт доштани сармояи онҳо бо буҷаи давлат аст. Ӯ мегӯяд, аз ин хотир сармояи хориҷӣ ба ин кишварҳо сарозер намешавад ва сармояҳои дохилӣ низ ба минтақаҳои оффшорӣ интиқол ёфтаанд.

Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, барои муайян кардани сарватмандтарин ашхоси Тоҷикистон дар гузашта низ ҳамин гуна раъйдиҳиҳои маҷозиро роҳандозӣ карда буд. Ӯ гӯфт, «Авесто» аз афроди сарватманд дархост кард, ки нусхаи санади дороии худро дар ихтиёри оҷонсӣ қарор диҳанд. 90 дарсади афроди пулдор ин хохиши «Авесто»-ро рад карданд. Чанд тане, ки санад пешниҳод карданд, маълум шуд, бино бар ин аснод чандон доро набудаанд.

Қонунгузории Тоҷикистон, ба соҳибкорӣ машғул шудани афроди соҳибмансабро манъ кардааст. Аммо аз назари хонандагони «Авесто», ки дар назарсанҷии онлайн иштирок кардаанд, доротаринҳои Тоҷикистон мақомдоронанд, ки сарвати худро бо истифода аз мансаб ҷамъ овардаанд.
XS
SM
MD
LG