Пайвандҳои дастрасӣ

Интизор меравад, ки дар соли 2011 миёни Тоҷикистону Русия қарордод дар бораи реадмиссия" ба имзо расад. Чунин қарордод миёни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо вуҷуд дорад ва Русия муҳоҷирони ғайриқонунии худро аз ҳисоби худ аз кишварҳои аврупоӣ ба Русия бармегардонад.

Дар сӯҳбате як мақоми сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки нахост аз вай ном бубарем, таъйид кард, ки чунин қарордод ҳоло дар дасти таҳия аст ва имзои он дар соли 2011 дар назар гирифта шудааст.

Ӯ гуфт: "Тарҳи қарордод дар бораи реадмиссия барои баррасӣ дар ихтиёри ҷониби Тоҷикистон аст. Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонбо ин кор машғул аст. Барои баррасии ин масъала гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Реадмиссия бозгардони шаҳрвандони кишвари мо ба Тоҷикистон аз ҳисоби кишвари мост".

Муҳоҷирати корӣ танзим мешавад

Реадмисcия ба гурӯҳи муҳоҷирони корие тааллуқ дорад, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд. Ҷониби Русия гуфтааст, равандҳои муҳоҷирати корӣ ба Русия бояд танзим шавад.

Михаил Тюркин, муовини раиси Хадамоти федеролии Русия, таъкид кардааст, ки бозори кори Русия бидуни хориҷиён танзим нахоҳад шуд, вале ин раванд бояд ба таври дақиқ назорат шавад. Вай меафзояд, муҳоҷиронро ба корҳое бояд ҷалб кард, ки Русия дар он бахшҳо ба нируи корӣ эҳтиёҷ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, "қоидаи бозӣ барои муҳоҷирони корӣ муайян шудааст" ва танҳо мутахассисони варзида метавонанд ба кор дар Русия ҷалб шаванд.

Фарқи реадмиссия аз депортатсия

Мақоми сафорати Тоҷикистон дар мавриди фарқияти реадмиссия аз депортатсия гуфт: "Метавон гуфт, ки он ҳам мисли депортатсия аст. Агар депортатсия аз ҳисоби кишвари мизбон - Русия анҷом дода шавад, акнун тибқи ин қарордод, депортатсия анҷом намегирад, балки Тоҷикистон аз ҳисоби худ бозгардони онҳоро сармоягузорӣ мекунад".

Тибқи ин қарордод, ҷониби Русия, яъне ниҳодҳои марбутаи муҳоҷиратии Русия феҳристи муҳоҷирони ғайриқонуниро таҳия мекунад ва ба ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон мефиристад. Ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон, яъне хадамоти муҳоҷиратии вазорати дохилаи Тоҷикистон онҳоро аз қаламрави Русия ба ватан бозмегардонад. Тоҷикистон бояд барои бозгардони ин гуна муҳоҷирон аз буҷаи худ маблағеро ихтисос диҳад.
XS
SM
MD
LG