Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани Алии Бедакӣ ва ҳамроҳонаш, шикояти муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр», қонуни нав дар бораи масъулияти волидон ва маҳдудияти сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта буданд.

Нашрияи мустақили «Миллат» дар сармақолаи худ бо номи "Алии Бедакӣ кушта шуд, ҷанг тамом шуд?» аз ҷумла навиштааст, «гумони ғолиб он аст, ки бо кушта шудани Алии Бедакӣ ҷанг ба итмом расид. Аммо дар ин маврид, ки «Мулло Абдулло», ки мардум дар Тоҷикистон ба зинда буданаш бовар надоранд, аз куҷо ва бо фармони кӣ сар боло мекунад ва боз ҷони чанд нафарро қурбонӣ мегирад ва чӣ фитнаеро бармехезонад, ҳадс задан ҳануз барвақт аст. Ҷанг хатм шуд, аммо дар тахтаи шоҳмот муҳраҳои бозигар ҳануз боқиянд».

Ҳамин нашрия дар як мақолаи таҳлилии худ зери сарлавҳаи «Қиссаҳои ҳиҷобӣ» ва «Оғохону Нурӣ - чаро шахсиятҳои динӣ алтернативаи афроди сиёсӣ буданд?» бо нигоҳе ба таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон пардохта, аз ҷумла навиштааст: «Ҳолати имрӯзаи мардум қариб ба он монанд аст, ки замоне бритониёиҳо мардуми мусалмон ва ҳиндуро аз мудирият ва умуман аз зиндагии фаъоли ҷомеа дур андохта буданд. Ва ин ҳолат ба он оварда расонд, ки ин мардумро, ки танҳо ба масъалаҳои динӣ-фарҳангии хеш ва мардикорӣ машғул буданд, ба категорияи ақибмонда дохил карданд. Ин ҳам нишондиҳандаи он аст, ки масъалаи асосии муносибатҳо дар ҷомеа ин масъалаи қудрат аст», - навиштааст «Миллат».

Нашрияи «Тоҷикистон» дар мақолае бо номи «Ҷӯрабек Охунов ваколаташро супурд. Сохтмонҳои манзилҳои нотамоми Мовароуннаҳр идома меёбанд?» навиштааст, Ҷурабек Охунов, раиси ширкати Мовароуннаҳр», ки ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад, ахиран ваколатҳояшро ба бародараш Турабек Охунов супурд. Вале азбаски муҳри ширкатро додситонии кулл барнагардонидааст, раси нав наметавонад корро дар сохтмонҳои манозили мардум идома диҳад. «Тоҷикистон» ҳамчунин аз қавли раиси кумитаи муштариёни Мовароуннаҳр навиштааст, айни замон дороии умумии ширкат 99 миллиону 739 ҳазору 734 сомониро ташкил карда, ширкат аз муштариён ва бонкҳо 30 миллиону 889 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Яке аз хабархо, ки ин ҳафта сари забонҳо буд ва нашриҳои чопи Душанбе низ ба он таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд, хабари вафоти Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон буд. Нашрияи мустақили «СССР» ин хабарро бо номи «Ислом Каримов мурд!» дар саҳифаи аввали худ ҷой додаву аз ҷумла навиштааст: «Ин хабари тунд аз куҷо расидааст? СССР дунболи ҳамин хабар шуд. Маълум гардид, ки сарчашмаи хабари шифоҳии сомонаи «Пилис.ру» шудааст, ки ин хабарро рӯзи 31-уми декабри соли равон нашр кард».

Ва аммо нашрияи «Озодагон» бо номи «Ислом Каримовро кӣ куштан мехост?» мақолаи таҳлилиеро дар ихтиёри хонандагон гузоштааст, ки дар он аз ҷумла навиштааст: «Ислом Каримов вафот кардааст. Ин ҷумла рӯзи ҷумъаи 31-уми декабр барои чанд соат ҷои табрикоти солинавиро дар Тоҷикистон танг кард. Дар сӯҳбатҳои солинавӣ низ ин мавзӯъ рақами аввал шуд. Каме баъдтар маълум шуд, ки ин хабар овозае беш нест. Бори дуввум аст, ки овозаи марги Ислом Каримов пахш мешавад . Як соли пеш ҳам овозаҳо дар мавриди марги президенти Узбакистон паҳн гардида буд. «Озодагон» кӯшидааст, ки сабаби пайдоиши ин овозаҳоро пажуҳиш кунад», -навиштааст ин нашрия.

Нашрияи мустақили «Нигоҳ» қонунҳои нави ҷумҳурӣ, азҷумла қонун дар бораи масъулияти падару модарон ва маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятиро бо коршиносон дар миён гузошта аз ҷумла навиштааст: «Аз якуми январи соли равон қонунҳое, ки аз ҷониби парлумон ба тасвиб расиданд, мавриди амал қарор гирифтанд, ба гуфтаи коршиносон, боиси мушкилиҳои ҳуқуқӣ хоҳанд шуд». Нашрия менависад, «масалан қонуни масъулияти падару модар мафҳумҳои шарҳталаб дорад ва метавонад боиси нақзи ҳуқуқи падару модарон шавад».

Рӯзномаи «Имрӯз Нюз» дар мақолаи таҳлилии худ, ки «Дар Узбакистон як одам 20 миллион литр об сарф мекунад» ном гирифтааст, суханронии Ҳамрохон Зарифиро дар ҷаласаи навбатии САҲА иқтибос оварда навиштааст: «Истифодаи ғайримуассир ва бехирадонаи манобеи об дар нимаи дуввуми қарни 20 боиси он шудааст, ки баҳри Арал ба тадриҷ хушк шавад. Обёрии густардаи заминҳо дар кишварҳои поёноб ва нодида гирифтани қонунҳои табиат боиси ин фоҷеаи ҷаҳонӣ шуд, ки мо имрӯз натоиҷи ғамангези онро мебинем».

Нашрияи мустақили «Фараж» мақолаи таҳлилиеро бо номи «Дар як сол як сафедшуда ё додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо ҳукми сиёҳкунанда мебароранд?» ба таҳқиқи мушилоти ҷойдошта дар системи додгоҳии Тоҷикистон пардохта, аз ҷумла навиштааст: «Ба ҳар навъ умед бар он мебандем, ки соли 2011 судяҳои Тоҷикистон аз мустақилияте, ки қонун барои онҳо фароҳам овардааст, истифода мебаранд ва танҳо мувофиқи қонун амал намуда ҳақро ҳақ ва ноҳақро ноҳақ унвон мекунанд. Ин умеди кулли шаҳрвандон аст», - навиштааст «Фараж».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG