Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран дар деҳаи Бешқунғайи наздикии Бишкек даргирие ба вуқуъ пайваст ва дар он ду ҳамлавар ва се корманди гурӯҳи вижаи пулиси ин кишвар кушта шуданд. Кумитаи амнияти ин кишвар эълон кард, ки дар ин даргирӣ "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ" ширкат доштааст.

Мавзӯи фаъол шудани гурӯҳҳои тундрав дар Қирғизистон дар сӯҳбати Радиои Озодӣ бо генерал Қуббатбек Қоҷоналиев, таҳлилгари қирғиз, матраҳ шуд. Ҷаноби Қоҷонолиев дар оғози сӯҳбат дар посух ба ин суол, ки "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ" чӣ нируест, гуфт: "Бино ба маълумоте, ки ман дар даст дорам, ин афрод ҳеҷ иртиботе бо ислом надоранд. Онҳо террористанд. Куштору аъмоли носазо бо дину мазҳаб ҳеҷ муносибате надорад. Онҳо худашон ба худ ҷиҳоди исломӣ ном додаанд. Марат Имонқулов-муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳам ин нуктаро таъйид кард. Чубакҳоҷӣ Ҷалилов-муфтии Қирғизистон ҳам мегӯяд, ки ин гурӯҳ, ки аз худ "Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ" ном мебарад, бо ислом аслан иртибот надорад. Онҳо метавонанд худро бо ҳар ном муаррефӣ кунанд, ҷиҳодӣ ё номҳои дигар. Вале онҳо дар асл аз усули террору шиканҷа ва хунрезӣ пайравӣ мекунанд".

Суол: -Ҷаноби генерал, солҳои ахир дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ зери ниқоби ислом гуруҳҳои мухталиф пайдо шудаанд. Ба назари шумо ин гурӯҳҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ байни худ иртибот доранд?

Ҷавоб: -Медонед, мавҷудияти рӯҳияи мазҳабӣ дар миёни аҳолӣ як навъ сарчашмаест, ки ин гуна гурӯҳҳои тундраву террористӣ аз он об мехӯранд. Шумо тасаввур кунед, ки дар кишвари мо ё дар кишварҳои ҳамсоя ҳамеша мардум ба маҳрумиятҳои рӯзгор рӯ ба рӯ ҳастанд ва илова бар ин ришваву фасод доман паҳн кардааст. Дар чунин шароит касе пайдо мешавад ва ваъда медиҳад, ки вақтҳои наздик ба чунин нуқсонҳо метавонад хотима гузорад. Муҳити мавҷуда онро қабул мекунад. Созмонҳое ҳастанд, ки дар кишвари мо ва дар кишварҳои ҳамсоя фаъолияти онҳо мамнӯъ эълон шудаанд. Баъзе созмонҳои муҳофизакору ислоҳталаб низ ҳастанд. Нисбат ба онҳо бояд муносибати эҳтиёткорона дошт, то онҳо ба созмонҳои тундрав табдил нашаванд. Исломи муҳофизакор ҳамеша ба таблиғи сабру таҳаммул машғул аст".

Суол: -Ҷаноби генерал, солҳои ахир шумораи зиёди аъзои Ҳизбуттаҳрирро дар Тоҷикистон боздошт карданд. Ин созмон дар кишварҳои дигари минтақа низ ҳаст ва фаъолияташон мамнуъ эълон шудааст. Ба унвони як коршинос шумо дар бораи ин созмон чӣ назар доред?

Ҷавоб: Ман на танҳо аз гуфтаҳо медонам, балки бо намояндагони ин созмон мулоқот кардаам. Самтгирӣ дар фаъолияти онҳо чандон тундгароёна нест. Онҳо хостаҳои худро аз роҳи омӯзиш ҷорӣ мекунанд. Вале дар кишвари шумо нисбат ба онҳо бархӯрди шадид доранд. Ман бо созмонҳои дигар ҳам мулоқот доштам. Мегӯянд, гурӯҳҳои ҷиҳод ҳам ҳастанд. Ман ба ҷуз аз изҳороти муовини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар ин бора хабари дигаре нашунидаам. Гуфтанд, ки дар инфиҷори Бешқунғай "Иттиҳоди ҷиҳоди ислдомӣ" ва "Ҳаракати исломии Узбекистон" ширкат доштаанд. Ҳамзамон вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон дар бораи ширкати ҷудоихоҳони миллатгаро гузориш дод. Онҳо бо рӯйдодҳои моҳи маи мо иртибот доранд".

Суол: -Оё гурӯҳҳои мавҷудаи тундрав ба давлати Қирғизистон метавонанд хатар эҷод кунанд?

Ҷавоб: -Медонед, ин бо вазъи сиёсӣ низ вобаста аст. Ба назари ман, барои баъзе нируҳои хориҷӣ муфид аст, ки аз дар чунин вазъ хостаҳои худро зери ниқоби ислом амалӣ кунанд. Агар мехоҳед, ман як мисол меорам, гуфтугӯи миёни бародарон Боқиевҳоро. Байни бардарзода ва амакро. Онҳо гуфтанд, барои он, ки ин ҳукумат тақвият наёбад, бояд ҳамеша вазъро мутташанниҷ нигоҳ дошт. Ин суханони Максим Боқиев аст. Ба ҳамин сабаб дар кишвари мо гоҳе дар як ҷо, гоҳо дар ҷои дигар вазъи муноқишаомез пеш меояд".

Суол: -Оё чунин нируҳо бо хориҷ иртибот доранд?

Ҷавоб: Ҳамаи ин одамон дар хориҷ қарор доранд. Онҳо мехоҳанд манофеи худро дар Қирғизистон пиёда созанд. Ва онҳо одамони кампул нестанд. Онҳо сарватманданд. Маълумоти фаврӣ ё оперативӣ низ вуҷуд дорад ва онро мунтазам Мелис Турғунбоев-муовини вазири дохила дар бораи одамрубоӣ ё хабарҳои дигар мунташир месозад. Ин гурӯҳҳо ҳадафҳои худро доранд. Мехоҳанд вазъро ноором кунанд ва то андозае ба ваъъ дар кишвар таъсир расонанд".
XS
SM
MD
LG