Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи се соҳибмақоми Тоҷикистон


Мақомоти интизомӣ мегӯянд, алайҳи муовинони се ноҳияи бузург дар ҷануби Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Шамсулло Раҷабалиев, муовини раиси ноҳияи Қӯрғонтеппа, Ҳамроҳ Раҳимов, аз Бохтар ва Шамсиддин Саидов, муовини раиси ноҳияи Вахш ба тақсими ғайриқонунии заминҳои обӣ, ки хонасозӣ дар онҳо мамнӯъ аст, муттаҳам мешаванд. Фаридун Миров, намояндаи додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, "Ин афрод бо хунукназарӣ ба санадҳои сохтае имзо гузошта ва заминҳои обиро ҳамчун заминҳои ғайрикишоварзӣ тақсим кардаанд." Талабгорони қитъаҳои замин барои хонасозӣ дар Тоҷикистони камзамин, ки аҳолиаш босуръат меафзояд, солҳои ахир башиддат зиёд шудааст.
XS
SM
MD
LG