Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сенати Қазоқистон пешниҳоди баҳсбарангезро пазируфт


Палатаи болоии порлумони Қазоқистон пешниҳоди баргузории ҳамапурсиеро пазируфт, ки раёсати ҷумҳури Нурсултон Назарбоевро барои даҳ соли дигар тамдид хоҳад кард. Мухолифини давлат, ин пешниҳоди ба истилоҳ “гурӯҳи мардумии ташаббускор”-ро маҳкум намуда ва онро иқдоме барои фирор аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хонданд, ки қарор буд, соли 2012 баргузор шавад. Сенати Қазоқистон бо кулли оро пешниҳоди расмиро пазируфт, ки дар он аз Нурсултон Назарбоев хоста шудааст, Қонуни Асосиро тағйир дода ва раъйпурсӣ даъват кунад. Нурсултон Назарбоеви 70-сола, ки 20 сол боз раиси ҷумҳури Қазоқистон ва сухани ниҳоӣ дар мавриди раъйпурсӣ аз ӯст.
XS
SM
MD
LG