Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА: "Боздид аз таъсисоти ҳастаии Эрон вазифаи Ожонс аст"


Дар пайи даъвати Эрон аз намояндагони гурӯҳи 5+1 ва бархе аз сафирон ва намояндагони чанд кишвар барои бозрасӣ аз таъсисоти ҳастаии ин кишвар, Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки кори бозрасии ин таъсисот ба ӯҳдаи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст.

Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе эълом кард, ки Эрон намояндагони гурӯҳи 5+1 ва бархе сафирон ва намояндагони чанд кишвари дигарро бавасилаи нома, барои боздид аз сайтҳо ва таъсисоти ҳастаии худ даъват кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, як сухангӯи коммисюни Аврупо дар вокуниш ба ин хабар ба хабарнигорон гуфт, ки «мо ба нома посухе надодаем.»

Вай афзуд: «Аммо чизе, ки бояд бар он таъкид кунем ин аст, ки раванде дар ҷараён аст ва ин Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст, ки бояд таъсисоти ҳастаии Эронро бозрасӣ кунад.»

Даъвати Эрон аз намояндагони кишварҳои тарафи музокироти ҳастаӣ барои ин боздид дар остонаи анҷоми даври баъдии гуфтугӯҳои ҳастаӣ миёни Эрон ва кишварҳои узви гурӯҳи панҷ ба иловаи як сурат мегирад, ки қарор аст дар нимаи дуввуми моҳи ҷорӣ дар Истанбули Туркия баргузор шавад.

ИМА дар вокуниш ба ирсоли даъватнома аз сӯи Теҳрон барои сафари ин намояндагон ба Эрон чунин сафареро «як сафари сеҳромез ва афсонаӣ» ёд кард, ки наметавонад кӯмаке ба иҷрои тааҳҳудоти байналмиллалии Теҳрон кунад. ИМА бо ин, ки аз ҷумлаи кишварҳои тарафи гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон аст, чунин даъватномае дарёфт накардааст.

Аз сӯи дигар Бритониё низ гуфтааст, ки «як дидори комилан контролшуда аз таъсисоти дастчиншуда, нахоҳад навонист замонати лозимро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа кунад.»

Бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ пайваста аз таъсисоти ҳастаии Эрон боздид мекунанд то мутмаин шаванд ин таъсисот барои ҳадафҳои низомӣ истифода нашаванд.

Аммо Ожонс мегӯяд, ки сар боз задани Эрон аз додани иҷоза ба бозрасонон барои боздид аз сайтҳое ба ғайр аз чанд сайти мушаххас ва имзо накардани протоколи иловагӣ, боис шудааст то ин Ожонс натавонад сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эронро таъйид кунад.
XS
SM
MD
LG