Пайвандҳои дастрасӣ

Руминия мегӯяд, ҳозир аст, қонуни матбуотро ислоҳ кунад, агар..


Виктор Орбан, нахуствазири Руминия, имрӯз гуфт, агар Иттиҳодияи Аврупо ислоҳи қонуни матбуоти он кишварро зарур донад, ҳукумат ин фармуда пазируфта ва иҷро хоҳад кард. Аммо гуфт ӯ, Қонуни матбуот дар Руминия мувофиқ ба қонунгузориҳои шуморе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла Фаронсаву Олмон ва Ҳолланд аст. Қонуни нави матбуоти Руминия сар аз якуми январ ва ҳамзамон бо раёсати Руминия дар Иттиҳодияи Аврупо ҳукми иҷро гирифт. Бар асоси ин қонуни баҳсбарангез, як ниҳоди тобеъи ҳизби ҳокими Руминия, ҳукм мекунад, ки то куҷо расонаҳо, меъёрҳои бетарафӣ ва ахлоқии хабарнигориро риоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG