Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори тоза аз бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои хориҷӣ


Мақомоти Тоҷикистон тайи се моҳи гузаштаи соли 2010 тақрибан 1 ҳазору 300 донишҷӯро, ки ғайрирасмӣ дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба кишвар бозгардонидаанд. Идибек Зиёев, намояндаи Кумитаи умури мазҳабӣ, ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, бисёре аз ин донишҷӯён аз мадрасаҳои Мисру Эрону Покистон бозгардонида шуданд. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди умумии донишҷӯёне, теъдоди дигаре аз ин гуна донишҷӯён гуфтаанд, бо хатми таҳсилашон ба зудӣ бармегарданд. Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли пеш дар як суханронӣ аз волидони тоҷик хост, фарзандонашонро ба мадрасаҳои исломии хориҷӣ нафиристанд, зеро ба гуфтаи ӯ аз онҳо, терорист ва экстремист тарбия хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG