Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди сафири Амрико аз давлати Қазоқистон


Ричард Ҳоугланд, сафири Амрико дар Қазоқистон, ки маъмурияташ дар инҷо ба поён мерасад, барномаи давлати Қазоқистон барои тамдиди раёсати ҷумҳури Нурсултон Назарбоевро интиқод кард. Ӯ дар охирин нишасти хабариаш дар шаҳри Остона пешниҳод баргузории ҳамапурсӣ дар ин мавридро ақибнишинӣ аз арзишҳои демократия дар Қазоқистон хонд. Ӯ гуфт:"Барои мардуми як кишвар додани раъйи озод фақат гуфтани “бале ё не” нест. Онҳо бояд аз миёни андешаҳои мухталиф ва шахсиятҳои мухталиф интихоб кунанд." Порлумони Қазоқистон моҳи декабр барномаи барои баргузории ҳамапурсиеро ҳимоят кард, ки дар он масъалаи бидуни интихобот барои даҳ соли дигар тамдид кардани раёсати ҷумҳури Нурсултон Назарбоевро пешниҳод шудааст. Нурсултон Назарбоеви 70-сола, 20 сол боз раиси ҷумҳури Қазоқистон аст.
XS
SM
MD
LG