Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Маскав гирдиҳамоии мухолифинро пароканда кард


Пулиси Маскав рӯзи гузашта се тазоҳуроти кӯчак ба тарафдорӣ аз раҳбарони зиндонии мухолифини давлат дар Русияро пароканда кард. Константин Косякин, Борис Немтсов, Иля Яшин ва Эдуард Лимоновро рӯзи 31 декабр дар раҳпаймоие дар шаҳри Маскав дастгир карда ва сипас бо гуноҳи нофармонӣ ба маъмурони милиса аз 5 то 15 рӯзи зиндон маҳкум карданд. Дар яке аз тазоҳуротҳои дирӯза дасти кам 10 нафар аз мӯътаризон боздошт ва сипас раҳо шудаанд. Аммо пулис ба онҳо амр додааст имрӯз ба додгоҳ ҳозир шаванд.
XS
SM
MD
LG