Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулҳу фақру бесаводӣ шарики ҳам нестанд


Ин номаи яке аз хонандагони мост, ки зоҳиран дилаш ба вазъи кишвараш месӯзад ва орзу дорад, Тоҷикистон орому ободу шукуфон бошад. Агар Шумо ҳам фикру андешае доред, ба мо бинависед, то ҳазорон нафар бихонанд.

Абдуҷалил Комилӣ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Дуруди Худованди мехрубон бар ҳама!

Офарин ва аҳсан ба азизони Ватан, ки оромиро пойдор карданд!
Чунин хабари хуш ва танзимкунандаву нигахдорандаи оромӣ ва сулҳи аҳолии кишвар, танҳо боиси дастгирӣ ва ифтихори мардум аст.

Албатта, оромӣ ва сулҳ неъмати бебаҳост, аммо оромӣ ва сулҳро наметавон бо камбизоатӣ, қашшоқӣ, камбағалӣ, бесаводӣ, беҳунарӣ ва бо бекорӣ устувор нигоҳ дошт. Бояд ҳукумат ва давлат сабаб ва омилҳои пайдоиши чунин низоъҳо ва тундравиҳоро пешгирӣ намоянд. Бояд решаи сармоягузорони террористиро дар кишвар хушк кард. Бояд вазъу шароити зиндагии мардумро беҳтар гардонем то, ки дар оянда касе ба ин корҳо даст назананд.

Бояд аз тарафи давлат ва ҳукумат стратегияи амалишаванда ва ҷоннок барои беҳбуди шароити зиндагии мардум ва бо ҷойҳои кори хуб ва бо маоши баланд таъмин намудани мардум таҳия шавад.

Мо бояд бештар дар фикри мардум бошем, дар фикри дастгирии мардум бошем ва зулму ситамро коҳиш диҳем, то ки мардум аз давлат ва ҳукумат розӣ бошанд. Бояд бештар дар фикри мардуми оддии камбизоату бекор бошем. Бояд ҳукумат барои мардуми кишвар имтиёз ва сабукиҳо пешниход намояд. Бояд ягон чизро барои мардум бепул (ройгон) бикунанд. Дар 20 соли истиқлолият барои мардум ҳеҷ чизро ройгон ва арзон накарданд, баръакс нархро ҳамеша баланд мебардоранд ва ин мардуми кишварро нороҳат мекунад ва баъзе афроди тундрав аз ин истифода мебаранд ва мардумро гумроҳ мекунанд.

Хуб мебуд, агар дар сомонаи Озодӣ ягон ҷое бо номи "ПЕШНИҲОДИ МАРДУМӢ" бо ҳарфхои калон, ки ҳама онро бубинанд ҷой дода шавад ва дар он камбудии давлату ҳукумат ва пешниҳодҳои мардум барои беҳбуди кори давлат аз нуктаи назари мардум пешкаш гардад ва ин пешниҳоду мушкилоту камбудиҳоро ба ҳукумат ва давлат пешкаш намоянд, то ки он дастраси Президенти кишвар гардад.

Худованд хамаи моро дар паноҳаш нигаҳ дорад ва Ватанҷони моро боз ҳам ободу зебо ва дар кишвари мо арзони ва пуриву серӣ дар хонадони ҳар як мӯъмину мусалмон пойдор бошад ва мардуми бошарафи мо хушбахт бошанд ва тарафдору дастгирии нақшаву мақсадҳои неки давлату ҳукумат бошанд! Омин!

Бо камоли эҳтиром,
Абдуҷалил Комилӣ
шахри Душанбе
6 январи соли 2011
XS
SM
MD
LG