Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ва Ҳу Ҷинтао мушкилоти иқтисодиро баррасӣ мекунанд


Миёнаҳои моҳи январ раиси Ҷумҳурии халқии Чин бо як сафари расмӣ вориди ИМА мешавад. Роберт Гиббс, намояндаи Кохи Сафед гуфт, ки Ҳу Ҷинтао ва Барак Обама мушкилоти иқтисоди олам, аз ҷумла, вазъи юан, пули миллии Чин, дар бозори ҷаҳониро баррасӣ мекунанд. Ӯ афзуд, Вошингтон хостори гомҳои Пекин дар роҳи "тағйири мувозинати юан" хоҳад шуд.
Қарор аст, ки раҳбари Чин ва раисиҷумҳури ИМА ҳамчунин авзоъ дар нимҷазираи Кореяро баҳсу баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG